7 Сентябр 2026 - 11:07
Source: ABNA
Алҷазира таҳлил кард: чаро таҳримҳои Амрико наметавонанд Эронро таслим кунанд?

Шабакаи Алҷазира дар гузориши худ ба сабабҳои бетаъсир будани роҳу усули таҳрим ва муҳосира алайҳи Эрон аз ҷониби Амрико ишора кард.

Ба гузориши агентсии хабарии Абна, сайтаи Алҷазира дар мақолае навиштааст: Иёлоти Муттаҳида дар ҷангҳои муосири худ ягон ҳадафи пешбинишударо ба даст наовардааст. Манзараҳои таърихӣ дар фурудгоҳи Кобул, парвози чархбол болои сафорати Амрико дар Ҳаной, кушта шудани 60 ҳазор сарбоз дар ҷанги Ветнам ва дар ниҳоят имзои созишномаи Париж барои хориҷ шудани Вашингтон аз ин ҷанг, рехтани ҳазорҳо тонна бомб бар Афғонистон ва ақибнишинии ногаҳонӣ аз ин кишвар, ки бештар ба фирор монанд буд, ҳама ва ҳама як нуқтаро ба ёд меоранд.

Имрӯз низ ҷанг алайҳи Эрон аз тарафи Амрико ва режими сиёнистӣ бояд ба нест кардани барномаи ҳастаӣ ва мушакиву сарнагун шудани низоми ҳоким меанҷомид, аммо ин ҳадафҳо амалӣ нашуданд. Ҳар ҳамлаи Амрико бо посухи Эрон рӯ ба рӯ мешавад, яъне эрониҳо таслим нашудаанд ва иродаи онҳо суст нагардидааст.

Таҳримҳои ба Эрон воридшуда низ ҳамон таҳримҳои чилу чанд соли пешро ба ёд меоранд. Амрико пас аз ҳамлаи Ироқ ба Кувайт даст ба таҳрим ва муҳосираи ин кишвар зад ва роҳи расидани ғизо ва доруро ба Ироқ баст, аммо дар бораи Эрон мавзӯъ фарқ мекунад.

Масоҳати Эрон чанд баробари масоҳати Ироқ аст. Кишварҳои атрофи Эрон бо низоми ҳокими Теҳрон душманӣ надоранд. Эрон марзҳои тӯлонии хушкиро бо Покистон, Афғонистон, Туркманистон, Озарбойҷон ва Ироқ дорад ва тавассути Ироқ ниёзҳои Эрон таъмин мешаванд.

Ғайр аз он, Эрон дар шимол 700 километр марзи баҳрӣ дошта ва бо кишварҳои шимолӣ, бахусус Русия, дар иртибот аст. Ба ҳамин сабаб, таҳримҳо ҳар қадар ҳам сахттар шаванд, наметавонанд эрониҳоро таслим кунанд.

Масалаи ҷолиб он аст, ки ҳоло бештар дар бораи бозкушавии Тангаи Ҳурмуз, ки сабаби оғози ҷанг набуд, сухан меравад, то ҳадафҳое ки Амрико ва режими сиёнистӣ аз оғози таҷовуз ба Эрон доштаанд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha